- Создано 25 Январь 2018
НАМОЯНДАГИИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН
Соли 1987 бахши Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъсис ёфта, бо сабабҳои гуногун фаъолият надошт.
Мувофиқи Қарори раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев аз 13 октябри соли 2011, дар асоси моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» оид ба таъсис додани намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Хоруғ, Низомномаи намояндагӣ тасдиқ ва директори намояндагии мазкур дар шаҳри Хоруғ Исмоил Орифшоев интихоб карда шуд.
2 декабри соли 2011 мувофиқи протоколи ҷаласаи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оид ба таъсис додани намояндагӣ дар шаҳри Хоруғ ва таъин намудани роҳбари намояндгии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилоят баргузор шуд.
Бо даъват гардидани ҷаласаи муассисон, ки дар он масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хоруғ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳр аз ҷумла, муовини раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Исмоил Орифшоев, референти Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мисригул Азизбекова, Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф Хушқадам Асматуллоев, А. Лашкарбекова ва дигарон иштирок доштанд.
Оид ба масъалаи ҷаласа референти Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мисригул Азизбекова аз номи Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев баромад намуда, пешниҳод кард, ки тибқи Оинномаи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон намояндагии ваколатии Ҷамъияти мазкур таъсис дода шавад.
Дар ҷаласа Исмоил Орифшоев директори намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Хоруғ ва Хушқадам Асматуллоев референти намояндагӣ интихоб шуданд.
14 феврали соли 2012 дар ҷаласаи ташкилии аъзои Раёсат ва Садорати намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Хоруғ Исмоил Орифшоев – муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, директори намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Хоруғ, Хушқадам Асматуллоев – Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф, референти намояндагӣ, А. Лашкарбекова, Ш. Юсуфбеков, М. Пайшанбиев, Н. Хайруллоев, И. Қаландарбеков, Л. Мирзоҳасанов, М. Гулмадшоев, Ҷ. Хубоншоев, Холиқназарова, А. Абдулназаров, М. Мамадамирова, Н. Ғуломшоева ва дигарон интихоб шуданд.
Аз 1 январи соли 2012 то 31 декабри соли 2018 Асматуллоев Хушқадам, аз 10 январ то 23 декабри соли 2019 Орифшоев Исмоил ба ҳайси намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон фаъолият намудаанд.
Намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон имрӯз бо сабабҳои гуногун фаъолият надорад.
Намояндагии ҶДРФТ дар шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳри Хоруѓ, Кумитаи ҷавонон ва Раёсати фарҳанги вилоят, чун анъана ҳар сол фестивали байналмилалӣ доир мегардад.
Фестивали байналмилалии «Боми ҷахон – 2017» аз 22 то 24 июли соли 2017 дар боғи марказии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Мақсади фестивали байналмилалии «Боми ҷахон – 2017», ки имсол 10-ум маротиба гузаронида мешавад, бешубҳа таҳкими дўстӣ ва равобити фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни дунё мебошад.
Дар ин рўзҳо ҳунармардони беҳтарини Қирѓизистону Қазоқистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Австрия, Хитой ва гурўҳҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон иштирок доштанд.
Гурўҳи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Сироҷиддин Ҷураев бо суруд ва оҳангоҳе, ки дар заминаи Шашмақом эҷод шудаанд бо маҳорат иҷро намуданд ва аз ҷониби мухлисону меҳмонон гарм истиқбол шуданд. Хунармардони қирѓизу қазоқ бо садои қомузу ѓижак ва асбобҳои дигари халқӣ дар дили мухлисон таасуроти хуб гузоштанд.
Мухлисон, ансанбли ҷазии австрягиро бо кафкўбиҳои зиёд истиқбол карданд. Ҳунармандони чинӣ бо роҳбарии санъаткор Охуник Давлатбек бо рақсу сурудҳои халқиятҳои гуногуни Хитой ба фестивал омаданд.
Бонуи ҷавони амрикоӣ муҳаққиқи риштаи санъати тоҷик Кэтти Фриз бо навои рубоб ва сурудҳо ба забонҳои тоҷикӣ, помирӣ ва либосҳои шинами бадахшонӣ писанди мухлисон гардид.
Фестивал ҳамчунин имконияте буд, ки мухлисон дар он бори дигар аз ҳунармандони ситораи эстрадаи тоҷик Далер Назаров, ҳофизони хушсадо Бародархон Гадолиев, Олуча Муалибшоев ва дигар санъаткорон баҳраманд шаванд.
Дар баргузории ҷашнвораи 10-солагии фестивали «Боми ҷахон – 2017», Фонди ташаббусҳои мусиқии Бунёди Оѓохон, МСДСП, Оҷонсии Шведсария оид ба рушд дар Тоҷикистон, Сафорати Амрико, ширкати мобилии «Тселл» ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ саҳм гузоштанд.