РАВОБИТ

Автор 
Опубликовано:09 Январь 2018
21442 раз Последнее изменение Вторник, 16 Январь 2018 15:39
Оцените материал
(2 голосов)

ЉАМЪИЯТЊОИ ДЎСТИИ ДАР НАЗДИ РАЁСАТИ ЉАМЪИЯТИ ДЎСТЇ ВА РАВОБИТИ ФАРЊАНГИИ ТОЉИКИСТОН БО КИШВАРЊОИ ХОРИЉЇ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА

 

                  ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ХИТОЙ»

 

 Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Халќии Хитой 4 январи соли соли 1992 барќарор шудаанд.

Сафорати Љумњурии Халќии Хитой дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоњ ёфта, фаъолият доранд

Шўъбаи тољикистонии Љамъияти дўстии Советї ва Хитой дар шањри Душанбе 30 октябри соли 1958 дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфтааст.

 Раиси аввалинаш дотсенти кафедраи акушерии Институти тиббии Тољикистон М. Пўлодов буд.

Дар соли 1990 раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Мўсо Диноршоев буданд. Баъдан, раиси Љамъияти мазкур Носиров Юсуф Саидович, муовинони раис Соњибов Абдуназар, Мамадазимов Абдуѓанї, котибони масъул С. Ѓуломмуњиддинов, Майтдинова Гузел ва Лидия Кузнесов буданд. Дар солњои баъдин, собиќ ректорони Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи С. Улуѓзода – Носирљон Салимов, Хуршедљон Зиёев раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой»-ро ба душ доштанд.

Айни њол, Идигул Таѓо Ќосимзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, роњбари Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» мебошанд.

 

            ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ГЕРМАНИЯ»  

 

Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» бо ду Сафорат Љумњурии Федеративии Германия ва Љумњурии Австрия равобит дорад.

Муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Федеративии Германия моњи декабри соли 1992 барќарор шуданд.

Сафорати Германия яке аз аввалин намояндагии хориљї дар Љумњурии Тољикистон буда, фаъолияти худро дар Душанбе 10 июни соли 1993 оѓоз намудааст.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар шањри Бонни Љумњурии Германия 6 сентябри соли 1994 кушода шуда, соли 1999 ба шањри Берлин кучонида шуд.

Муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Австрия 25 марти соли 1992 барќарор гардидаанд. Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Вена моњи декабри соли 1997 кушода шудааст.

Моњи ноябри соли 1958 Љамъияти дўстии «Германия – Тољикистон» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфтааст.

Айни њол, Хайрулло Сайфуллоев – мудири кафедраи забонњои романиву германии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, раиси Љамъияти дўстии «Германия – Тољикистон» мебошад.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТЇ ВА РОБИТАЊОИ ФАРЊАНГИИ «ТОЉИКИСТОН – АФЃОНИСТОН»

 

15 июли соли 1992 муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Исломии Афѓонистон барќарор гардидаанд.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Афѓонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурўъ кард. Аввалин консулгарии Љумњурии Тољикистон дар шањри Толиќон, вилояти Тахори Љумњурии Исломии Афѓонистон соли 1996 ба фаъолият шурўъ намуда буд.

Ифтитоњи бинои нави Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Афѓонистон 25 октябри соли 2010 ба вуќўъ пайваст.

Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии «Тољикистон – Афѓонистон» 10 майи соли 1960 њамчун шўъбаи тољикистонии Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии Иттифоќи Шўравї бо кишварњои хориљї ташкил шуд. Тољикистон он замон дар байни 15 љумњурии иттифоќї ягона љумњурие буд, ки дорои чунин љамъият бо кишвари дигар буд.

Аввалин раиси Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии «Тољикистон – Афѓонистон» нависандаи маъруфи тољик Сотим Улуѓзода мебошад.

Баъдан директори Институти забон ва адабиёти Академияи фанњои РСС Тољикистон Носирљон Маъсумї, Нур Табаров ва Савлатшо Мерганов раисии Љамъияти Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии «Тољикистон – Афѓонистон»-ро ба ўњда доштанд.

Айни њол, Ќосимшо Искандаров – Саркотиби илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, сарвари Љамъияти мазкур мебошад.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЊИНДУСТОН»

 

Муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Њиндустон 28 августи соли 1992 барќарор гардид.

Соли 1994 Сафорати Љумњурии Њиндустон дар шањри Душанбе ифтитоњ ёфт.

Љумњурии Тољикистон Сафорати худро дар шањри Дењлї соли 2003 ифтитоњ намуд.

4 августи соли 1962 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон» бо номи Љамъияти дўстї ва алоќањои фарњангии Тољикистон бо Њиндўстон дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт. Академик Бањодур Искандаров раиси Љамъияти мазкур интихоб шуд.

Дар навбати худ, дар шањрњои калони Њиндустон (ба монанди шањрњои Дењлї, Ланкнав, Канпур ва ѓайра) Љамъиятњои дўстии Њиндустон бо Иттињоди Шўравї амал мекарданд.

Дар мустањкам намудани дўстии халќњои тољику њинд хидмати академик Бобољон Ѓафуров ва шоири маъруф Мирзо Турсунзода басе калон аст. Онњо дар он љо обрўи бузург соњиб ва сазовори љоизаи ба номи Љавоњирулло Нењру гашта буданд.

Баъдан, Ањрор Мухторов академик, мудири шуъбаи Иститути таърихи АИ ЉТ, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон»-ро идома дода, муовинони раис Њабибулло Раљабов, Карим Шоњин ва котибони масъул, Матлуба Тошева,  Фариддун Облоќулов буданд.

Айни њол, Њабибулло Раљабов – доктори илмњои филология, профессор, мудири шўъбаи њинду покистони Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи А. Рўдакї раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон мебошанд.

                                                           

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ПОКИСТОН»

 

6 июни соли 1992 байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Исломии Покистон муносибатњои дипломатї барќарор шуданд.

Соли 1993 Љумњурии Исломии Покистон дар Љумњурии Тољикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурўъ гардид. 23 феврали соли 2005 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Покистон ба фаъолият шурўъ намуд. 

 

24 ноябри соли 1966 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї ташкил ёфтааст. 

Дар соли 1989 раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» Вазири маданияти РСС Тољикистон Мењрубон Назаров, урдушинос Шарафнисо Пулодова муовини раис интихоб шуда буданд.

Баъдан, Шарафнисо Пулодова раиси Љамъияти мазкур интихоб шуданд.

Айни њол, Кароматулло Олимов – академик, узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» њастанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ТУРКИЯ»

 

29 январи соли 1992 Љумњурии Туркия истиќлолияти Тољикистонро ба расмият шинохт. 22 марти соли 1992 Сафорати Љумњурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурўъ намуд.

Моњи декабри соли 1995 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Анкара ифтитоњ гардид.  Инчунин соли 2011 Консулгарии генералии Љумњурии Тољикистон дар шањри Истамбул ба кор шурўъ намуд. 

6 октябри соли 1993 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» дар конференсияи муассисон дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт.

Муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї, Сафорати Љумњурии Туркия дар Љумњурии Тољикистон, Вазорати робитаи иќтисодии берунаи Љумњурии Тољикистон, Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, Вазорати сохтумон, Иттифоќи нависандагон, Иттифоќи љавонон, якчанд корхонањои шањри Душанбе буданд.

Дар конференсияи муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Туркия дар Љумњурии Тољикистон Г. Эрдиванли, намояндагон аз вазорату идорањои дар боло зикр шуда иштирок доштанд.

Изатулло Њаёев раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия», Ќурбон Сатторов муовини раис, Моњима Шарипова котиби масъул интихоб шуданд. 

Баъдан раиси Љамъияти мазкур Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Раљабмад Амиров интихоб гардид. Пас аз Р. Амиров, Муњиба Ёќубова, Ислом Содиќов, Абдувоњид Шамолов раиси љамъияти мазкур интихоб шуданд.  

Айни њол, Муњиба Мањмадљонова – доктори илми фалсафа, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба номи А. Бањоваддинов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – РОССИЯ»

 

Љумњурии Тољикистон бо Федератсияи Россияро таърихан муносибатњои чандинасраи дўстона бо њам мепайвандад.

Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатњоест, ки истиќлолият ва соњибихтиёрии Љумњурии Тољикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклњои нави њамкориро дар шароити рушди мустаќилона Протокол дар бораи муќаррар намудани муносибатњои дипломатї миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шањри Душанбе ба имзо расид.

4 майи соли 1992 дар шањри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия фаъолияти худро оѓоз кард.

Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Љумњурии Тољикистон дар шањри Москва ба Намояндагии Љумњурии Тољикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, 18 декабри њамон сол дар заминаи он Сафорат таъсис дода шуд. Алњол дар шањрњои Екатеринбург ва Уфа консулгарињои генералии Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунанд, ки љињати њифзи њуќуќу манфиатњои шањрвандони Тољикистон дар минтаќањои Россия ва густариш бахшидан ба њамкорињо наќши муњим дорад.

25 октябри соли 1994 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия» дар конференсияи муассисон дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфтааст.

Дар конференсия масъалањои таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия», интихоби раис ва Раёсати љамъият, Оинномаи љамъияти мазкур ва ѓайра баррасї шуданд. Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї М. Калонова дар конференсия раисї кард. 32 нафар дар конференсия иштирок доштанд.

Неъматуллоев Собит Њабибуллоевич – Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия», муовинони раис С.Н. Махсумов, Юшин Валерий, ва котибони масъул Э. Разоќова, Лидия Кузнесов интихоб шуданд.

Баъдан, муовинони раис Бадалов Ањмад, Тамара Абдушукурова, Валерия Юший Иванович ва котиби масъул Лола Ќурбонова буданд.

Айни њол, Нуриддин Саид – Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия» мебошад.

  

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ТУРКМАНИС­­ТОН»

 

Муносибатњои дипломатии байни Љумњурии Тољикистон ва Туркманистон, њамчун ду кишвари соњибистиќлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барќарор намудани муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст.

Моњи феврали соли 1995 дар Ашхобод Сафорати Љумњурии Тољикистон ба кор шурўъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.

Соли 1994 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт, ваъле бо сабабњои номаълум фаъолият накардааст.

Баъдан, 4 сентябри соли 2002 Љамъияти мазкур аз нав фаъолият кард.

Айни њол, Илњомљон Оймуњаммадзода – директори Институти геология, сохтмони ба заминљунбї тобовар ва сейсмологияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон» мебошад.

 

                                                                                 ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – КОРЕЯ»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Корея 27 апрели соли 1992 барќарор карда шудаанд.

Љумњурии Корея намояндагии дипломатии худро бо роњбарии Кордор дар пойтахти Тољикистон шањри Душанбе соли 2008 ифтитоњ намуд. 

 

Моњи октябри соли 1997 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфта, Сайфулло Сафаров – љонишини директори Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» интихоб шуд.

Баъдан, Раљабмад Амиров – собиќ ректори Консерваторияи миллии Тољикистон ба номи Т. Сатторов, раиси љамъияти мазкур буданд.

Айни њол, Салимї Носир – ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» мебошад.

 

                           ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЉУМЊУРИИ ХАЛЌЇ–ДЕМОКРАТИИ КОРЕЯ»

 

 26 октябри соли 1998 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Љумњурии Халќї–Демократии Корея» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї ташкил шуд.

Раиси Љамъияти мазкурро Х. Абдуллоев директори заводи «Тољиктекстилмаш» ба уњда дошт.

Баъдан, Холмурод Шарифов, Абдуѓанї Мамадазимов – роњбари Фонди миллии «Шоњроњи абрешим – шоњроњи бањамої», Юсуфљон Воњидов – сардори раёсати кадрњо ва корњои махсуси Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон раисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Љумњурии Халќї–Демократии Корея» буданд.

 

                                                              ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЌИРЃИЗИСТОН»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ќирѓизистон 14 январи соли 1993 барќарор гаштаанд. Аз моњи марти соли 1997 дар шањри Душанбе Сафорати Љумњурии Ќирѓизистон фаъолият мекунад. Дар шањри Бишкек низ Сафорати Љумњурии Тољикистон амал мекунад.

Соли 1998 бо ташаббуси Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї гурўње ба Љумњурии Ќирѓизистон сафар намуд ва њамон сол Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон» бо сарварии Д.Р. Давлатов – муовини Раиси Њизби халќии демократии Тољикистон ташкил карда шуд.

 Баъдан, Миралї Достиев – собиќ муовини аввали Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон, раиси љамъияти мазкур буданд.

Айни њол, Мирзо Шукурзода – мудири шўъбаи насри Иттифоќи нависандагони Љумњурии Тољикистон, Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон» мебошад.

 

                                                                        ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЌАЗОЌИСТОН»

 

Љумњурии Тољикистон муносибатњои дипломатиро бо Љумњурии Ќазоќистон 7 январи соли 1993 барќарор намуда, моњи июни њамон сол намояндагии дипломатии Тољикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурўъ кард.

Намояндагии дипломатии Љумњурии Ќазоќистон дар шањри Душанба аз соли 1998 фаъолият дорад.

 23 октябри соли 2001 маљлиси муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» доир гашт. Дар маљлис Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї М. Калонова, намояндаи Сафорати Љумњурии Ќазоќистон дар Љумњурии Тољикистон К.И. Кобландин, ректори Донишгоњи аграрии Тољкистон Љ. Таѓоев, доктори илми санъатшиносї Лариса Додхудоева, профессор А. Нуралиев, З. Мадаминљонова, М. Тоштемиров, Р. Ќосимова, С. Гулов ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд. Дар рўзномаи маљлис масъалањои зерин муњокима шуданд:

  1. 1.Дар бораи равобити фарњангии Тољикистону Ќазоќистон
  2. 2.Тасдиќи Шинномаи Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон»
  3. 3.Интихоби Раёсати Љамъияти мазкур
  4. 4.Интихоби раис, муовини раис ва котиби масъули Љамъияти мазкур 

Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї М. Калонова дар баромадаш зикр кард, ки факултетњои иќтисодї, агробизнеси Донигоњи аграрии Тољикистон шўъбаи энтнографии институти таърих ва этнографияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, корхонаи Ремстройдормаш ва шахсони алоњида оид ба таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» ба мо мурољиат намуданд.

Дар маљлис Оинномаи Љамъияти мазкур ба муњокима гузошта шуда, он ќабул гардид. Њайати Раёсати љамъият иборат аз 25 нафар пешнињод ва тасдиќ гардид.    

Ректори Донишгоњи аграрии Тољкистон (њозира Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Ш. Шотемур) Таѓоев Љамолиддин Саидовичраиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон», муовинони раис Лариса Додхудоева – доктори илми санъатшиносї, Абдусаттор Нуралиев – профессори факултети журналисти Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон, котиби масъул Карижан Курбонова пешбарї шуданд. Номзадии онњо дар љаласа якдилона љонибдорї ёфтанд.

Айни њол, Абдусаттор Нуралиев – профессори факултети журналисти Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» мебошанд.

 

                              ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЭРОН»

 

Љумњурии Исломии Эрон истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро соли 1991 ба расмият шинохт ва моњи январи соли 1992 аввалин шуда Сафорати худро дар Душанбе кушод.

Моњи июли соли 1995 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Тењрон ифтитоњ гардид.

 

Моњи марти соли 2002 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт.

Муњаммадљон Шакурї раиси ифтихории Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» буданд.

Айни њол, Мирзо Муллоањмадов – доктори илмњои филология, узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон то имрўз раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» мебошанд.  

                                                                     

                         ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – БЕЛАРУС»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Беларус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштњо оѓоз гардид.

Аз соли 1997 дар шањри Минск Сафорати Љумњурии Тољикистон амал менамояд. Њамчунин, дар шањри Душанбе аз соли 2011 Сафорати Љумњурии Беларус фаъолият дорад.

 

31 январи соли 2003 дар толори маљлисгоњи Донишгоњи давлатии техникии Тољикистон ба номи М. Осимї маљлиси муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» доир гашт.

Дар он муовини Вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон А. Саторзода, сармутахассиси шўъбаи робитањои хориљии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Ф. Ќосимова, Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї М. Калонова, муовини Фонди њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон А. Валиев, ректори Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон Х. Суфиев ва дигарон иштирок карданд.

Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї, Донишгоњи давлатии техникии Тољикистон ба номи М. Осимї ва чанде аз кафедрањои он, Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, Фонди тољикистонии њифзи иљтимоии ањолї, Институти илмї-тадќиќотии физикаи АИ ЉТ, мактаби миёнаи № 21 шањри Душанбе ва ѓайра дар бораи таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус»-ро љонибдорї намуданд.  Саидмуњаммад Одинаевро раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» интихоб карданд.

Айни њол, Анвар Абдурасулов – мушовири ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М. Осимї, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» мебошад.

                                        

                  ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – УКРАИНА»

 

Муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон бо Украина 24 апрели 1992 барќарор гардиданд.

Санади муњиме, ки муносибатњои дуљониба бар он асос ёфтаанд, Ањднома дар бораи дўстї ва њамкорї байни Љумњурии Тољикистон ва Украина 6 июли соли 2001 мебошад.

 

3 апрели соли 2003 маљлиси муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» дар толори Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон баргузор шуд. Дар маљлис муовини Вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон Абдунабї Саторзода, мушовири калони Президенти Љумњурии Тољикистон Ќурбон Восиев, Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї Майсара Калонова ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Барои таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» намояндагони Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї,  Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, факултањои њуќуќшиносї ва иќтисодии донишгоњи мазкур, Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М. Осимї, Донишгоњи технологии Тољикистон, мактабњои тањсилоти умумии № 9, 53, шахсони алоњида иштирок ва сањм гузоштанд.

Раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» В.С. Зайченко интихоб шуд ў соли 2007 вафот кард.

Баъдан, Нуралї Шоев ректори Донишгоњи технологии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» интихоб шуд.

Аз сабабе, ки Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» фаъолияти худро дар нињоди Донишгоњи технологии Тољикистон ба роњ мемонд, ректори донишгоњи мазкур, Нуралї Шоњиён ректори Донишгоњи давлатии Данѓара таъин шуд. Аз ин рў Н. Шоњиён дар ин донишгоњ низ фаъолияти Љамъияти мазкурро идома дода истодааст.

Айни њол, иљрокунандаи раис, декани факултети муштараки тољикї-украинии Донишгоњи техникии Тољикистон Мирзо Юсупов мебошад.

 

                       ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – КУБА»

 

17 марти соли 2006 вохўрии Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Майсара Калонова бо љонишини Вазири корњои хориљии Љумњурии Куба Элимо Кабалеро ва Сафири Љумњурии Куба дар Љумњурињои Осиёи Миёна Капота Камачо баргузор гардид. 

Бошишгохи Сафорати Љумњурии Куба дар Љумњурии Тољикистон  дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон љойгир аст. 

Дар мулоќот оид ба таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» ба миён омад. Љўра Латифов – профессор, устоди Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» интихоб шуд, ки то имрўз фаъолият мекунапд.

 

                  ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – МАМЛАКАТЊОИ АРАБ»

 

10 июли соли 2012 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» дар назди Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї таъсис ёфт.

Дар натиљаи овоздињї доктори илмњои филологї, профессор, сарходими шўъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдакї Тољиддин Нуриддин Мардонї раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» интихоб гардид.

Эмомов Асрориддин – досент, мудири кафедраи забон ва адабиёти араби Донишкадаи исломии Тољикистон љонишини раис ва Мардонов Акмал – корманди илмии шўъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдакї, котиби масъули Љамъияти мазкур интихоб гардиданд.

 

      ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ОЗАРБОЙЉОН»

 

Њамкорињои дуљонибаи Тољикистону Озарбойљон бо барќарор намудани муносибатњои дипломатї аз 29 майи соли 1992 оѓоз гардид.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Озарбойљон аз 23 марти соли 2008 фаъолияти худро оѓоз кард.

Сафорати Љумњурии Озарбойљон дар Љумњурии Тољикистон аз 22 сентябри соли 2007 фаъолият мекунад.

         Љамъияти дўстии «Тољикистон – Озарбойљон» дар охири соли 2013 бо ташаббуси Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї  Сайдулло Хайруллоев таъсис ёфтРаиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Озарбойљон», сармуњаррири рўзномаи «Народная газета» Сирољиддин Изатуллоев ва љонишини ў рўзноманигори Салимахон Вањњобзода интихоб шуданд.

 

 ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЯПОНИЯ»

 

Япония 28 декабри соли 1991 истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро эътироф намуд. Муносибатњои дипломатї миёни ду кишвар 2 феврали соли 1992 барќарор гардиданд.  Сафорати Япония дар Тољикистон ифтитоњ гардид.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Япония дар соли 2007 ифтитоњ ёфтааст.

* * *

3 апрели соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» бо ташаббуси Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї  Сайдулло Хайруллоев ва ректори Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон Нуралї Салихов дар нињоди Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон таъсис ёфтааст.

Нуралї Салихов – ректори Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» интихоб шуд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ФАРОНСА»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Фаронса 3 марти соли 1992 барќарор шудаанд.

3 ноябри соли 2001 дар шањри Душанбе сафорати Љумњурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Љумњурии Тољикистон дар шањри Париж соли 2013 ифтитоњ ёфт.

 

Моњи майи соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» бо ташаббуси Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев ва ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї Абдуљаббор Рањмон дар нињоди Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї таъсис ёфтааст.

Ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї Абдуљаббор Рањмон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» ва мудири кафедраи забони фаронсавии ин донишгоњ Султонзода Соќї, љонишини раис  интихоб шуданд.

Аз охири соли 2014 то имрўз раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» мудири кафедраи забони франсавии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї Султонзода Соќї мебошад.

 

                                                                              ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ВЙЕТНАМ»

 

Муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Сотсиалистии Вйетнам моњи июли соли 1992 барќарор гардиданд.

Ќароргоњи Сафорати Љумњурии Сотсиалистии Вйетнам дар Љумњурии Тољикистон дар шањри Тошкент мебошад.

Дар охири соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Вйетнам» бо ташаббус ва дастгирии Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев таъсис ёфт.

Директори намояндагии «М&М»-и («МэндМ»-и) Швейтсария дар Тољикистон Азиз Шарипов раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Вйетнам», Хоанг Ван Хиеп љонишини раис интихоб шуданд. 

Љамъияти дўстии «Тољикистон – Вйетнам» дар нињоди Корпоратсияи «Azia silk»-и дар Тољикистон буда, роњбараш Хоанг Ван Хиеп, љонишини раиси Љамъият барпо шудааст.

 

                       ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН БО КИШВАРЊОИ БЕНИЛЮКС»

 

БЕНИЛЮКС –шакли кутоњшудаикишварњои Белгия, Нидерланд ва Люксембург  аст.

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Белгия 29 апрели 1992 барќарор шудаанд.

Соли 2001 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Брюссел ифтитоњ гардид, ки он њамзамон њамчун Намояндагии Љумњурии Тољикистон дар Иттињоди Аврупо фаъолият мекунад. Сафорати Шоњигарии Белгия дар Тољикистон дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон ќарор дорад.

Байни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Нидерланд 27 июли соли 1992 барќарор шудаанд.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Белгия њамзамон Сафорати ѓайримуќими кишвар дар Шоњигарии Нидерланд мањсуб мешавад.

Ќароргоњи Сафорати Шоњигарии Нидерланд дар Тољикистон дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон мебошад.

Робитањои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барќарор шудаанд.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Белгия њамзамон сафорати ѓайримуќими кишвар дар Люксембург мањсуб мешавад. Ќароргоњи Сафорати Люксембург дар Тољикистон дар шањри Москва мебошад.

Дар охири соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои БЕНИЛЮКС» бо ташаббуси роњбарияти Раёсати Љамъияти  дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї  ва рохбарияти Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино таъсис ёфтааст.

Раиси Љамъияти мазкур Убайдулло Ќурбонов – ректори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино интихоб шуд.

Аз соли 2015 то њол раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои БЕНИЛЮКС» Гулзода Мањмадшоњ – ректори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуали ибни Сино мебошад.

 

                                                     ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН  БО КИШВАРЊОИ СКАНДИНАВИЯ»

 

Дар нимљазираи Скандинавия чор давлат Шветсия, Норвегия, Дания ва Финландия воќеъ буда, муносибати байни ин давлатњо ба усули вањдати минтаќавї асос ёфта, таърих ва анъанаи тулонї доранд.

Давлатњои минтаќа аз љињати сохтори сиёсї монархияи конститутсионї (Дания, Шветсия, Норвегия) ва љумњурии президентї (Финландия) мебошанд.

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Шветсия 9 декабри соли 1992 барќарор шудаанд.

Миёни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Норвегия соли 1992 муносибатњои дипломатї барќарор гардидаанд.

Робитањои дипломатии Љумњурии Тољикистон ва Финляндия 22 феврали 1992 барќарор шудаанд.

 

Моњи марти соли 2015 Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» (марказаш Стокњолм) таъсис ёфт.

Маќсад аз таъсиси ин љамъият муттањид намудани тољикони кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї, шањрвандони форсизабони мурими Шветсия, Норвегия, Дания ва ѓайри Финландия, тарѓиби анъана, фарњанги забони тољикї мебошад.

Вохўрї ва суњбатњои муовини Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї М. Шарипова бо дўстону њамватанони тољик дар Шветсия сабаби таъсис додани Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» гардид.

Ин хабар бохушнудї пазируфта шуд. Шањрванди Шветсия собиќ корманди Созмони Амният ва Њамкории Аврупо дар Тољикистон Фронс Ваннберг, собиќ корманди рўзномаи «Комунисти Тољикистон» Тамара Хетагурова, меъмор, хатмкардаи Донишгоњи техникии Тољикистон Ману Улесон (Манучењр Умаров), хатмкардаи Университети давлатии Москва, журналист, корманди солњои 70-ум дар Институти шарќшиносии Академияи илмњои СССР тањти роњбарии академик Бобољон Ѓафуров Халил Абдулазиз, зодаи Шветсия Василики Василиус, чечен Виктория Нургушева, швед Анна Катса Содерберг, хатмкардаи Университети Шоњигарии Шветсия тољик Рустам Набиев ва модараш Мавлуда Набиева изњор доштанд, ки ба хотири тањкими дўстии байни халќњо омодаанд сањми худро гузоранд. Чанде дигарон низ узви фаъоли ин љамъият буданро хоњиш карданд.

Раиси Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» зодаи давлати Ироќ, собиќ дипломат, ходими љамъиятї, журналисти байналмилалї, шогирд ва дўсти Бобољон Ѓафуров – Халил Абдулазиз мебошад.

Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» бо дарназардошти густариши равобити њамкории судманд бо Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї тасмим гирифтанд, ки Љамъияти дўстии «Тољикистон  бо кишварњои Скандинавия»-ро таъсис дињанд.

15 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї љаласаи таъсис додани Љамъияти дўстии «Тољикистон  бо кишварњои Скандинавия» баргузор шуд.

Дар љаласа Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев, муовини раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, сармуњаррири маљаллаи «Дўстї» Мавлюда Шарипова, намояндаи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, муовини раиси Иттифоќи рассомони Тољикистон Манзура Улљабоева, муовини директори Театри љумњуриявии «Лухтак» Наргис Розиќова, сармуњаррири рўзномаи «Адабиёт ва санъат» Мансури Суруш, масъули бахши фарњангии Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино Эмомалї Файзов, фарњангшинос Дзарасти-Каноат Азза ва дигарон иштирок доштанд.

Дар љаласаи муассисон М. Шарипова – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон  бо кишварњои Скандинавия», Мансури Суруш – муовини раис, Манзура Улљабоева, Наргис Розиќова, Эмомалї Файзов, Дзарасти-Каноат Азза ба њайати Раёсати Љамъияти мазкуринтихоб шуданд.

 

 

 

 

 

 

TODKS

Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis, Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis.

Сайт: www.smartaddons.com