ВОХӮРИИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН КОЧМУРАДОВ АЙМУРАД

Автор 
Опубликовано:21 Ноябрь 2023
690 раз Последнее изменение Вторник, 21 Ноябрь 2023 09:18
Оцените материал
(1 Голосовать)

Сафири Турманистон 15.11.2023115 ноябри соли 2023 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад Байраммурадович дар дафтари кории Љамъияти дўстї мулоқот кард.

Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон –Туркманистон» Мирзошоҳрух Асрорӣ, кормандони Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї И. Абдуллозода, Ф. Тиллоев , Д. Шайимов ва консули Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон Ануразов Сафар иштирок доштанд.

Дар оғоз Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Хайруллоев Сайдулло Кочмурадов Аймурадро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, ба ў дар фаъолиятҳои минбаъдаи дипломатиаш барору комёбиҳо таманно кард.

         Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев зимни шинос намудани Сафири Туркманистон бо самтҳои гуногуни фаъолияти Љамъияти мазкур ва ҳамкориҳои фарҳангии он изҳор дошт, ки дар назди Љамъияти  дўстї ва равобити  фарњангии Тољикистон  бо кишварњои хориљї 24 Љамъияти дўстї  бо кишварњои алоњида фаъолият доранд ва яке аз онњо Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон –Туркманистон» аст, ки раисаш собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ мебошад.IMG-20231117-WA0008

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад низ зимни ташаккур аз пазироии самимї, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии кишвараш бо Љумҳурии Тољикистон шуд.

IMG-20231117-WA0006Дар анҷоми суҳбат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад Байраммурадович ва Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев  ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

  

          

 

         Мудири шӯъбаи Раёсати

      Љамъияти дўстї ва равобити

          фарњангии Тољикистон

            бо кишварњои хориљї                                                                      Файзулло Тиллоев