МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Автор 
Опубликовано:11 Сентябрь 2026
6 раз Последнее изменение Пятница, 11 Сентябрь 2026 07:09
Оцените материал
(1 Голосовать)

photo 2026-09-11 11-59-02

photo 2026-09-11 11-59-11

28 августи соли 2026 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.

Дар баробари кормандони касбу кори гуногун, Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев низ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба академик, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» Кароматулло Олимов, доктори илмҳои фалсафа, раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон– Туркманистон» Мирзошоҳрух Асрорӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

 

 

Другие материалы в этой категории: « СУЛҲ – ПАЁМИ ТОҶИКИСТОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ