НАМОЯНДАГИИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

Соли 1979 бахши Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ дар вилояти Қурғонтеппа (ҳоло вилояти Хатлон) таъсис ёфт. Бо сабабҳои гуногун чандон фаъолияти назаррас надошт. Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон намояндагии Ҷамъияти мазкур дар вилояти Хатлон аз нав таъсис ёфта, бо сабабҳои гуногун фаъолият надошт.

29 марти соли 2003 бо ташаббуси Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсия оид ба таъсиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти мазкур баргузор гардид. Ҳайати нави Раёсати шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ интихоб гардид. Дар конференсия Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Майсара Калонова иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷонишини раиси вилояти Хатлон Латофат Шарипова, раиси шўъбаи Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон, муовинони раис директори осорхонаи таъриху этнографии шаҳри Кўлоб Хайрулло Тоҳиров ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Саидалӣ Бобохонов интихоб шуданд. Шуъбаи вилоятӣ вазифадор шуд, ки фаъолияти Ҷамъияти дўстии мазкурро дар вилояти Хатлон ба роҳ монад.

Моҳи сентябри соли 2012 бо ташаббуси раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) Рўзӣ Назифов намояндаи Ҷамъияти мазкур дар вилояти Хатлон интихоб шуд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова дар ин ҷаласа гуфт, ки ҳадафи асосии таъсиси намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон таҳкими дўстии мардуми тоҷик бо миллату халқиятҳои маскуни вилоят мебошад. Ин имконият медиҳад, ки доираи фаъолияти Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ васеъ гардад ва ҳамкории зич бо аҳли ҷамоатчигӣ ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ беҳтар шавад. Аз ин рў, намоянда дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли зиё, эҷодкорон, фаъолият намуда, теъдоди марказҳи фарҳангии миллӣ муайян карда шуда, иштироки онҳо дар чорабиниҳои оммавӣ таъмин карда шавад.

Дар маҷлис 13 нафар аъзои раёсати намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон интихоб гардид.

Рўзӣ Назифов намояндаи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон дар маҷлис суханронӣ намуда, ҳозиринро дар навбати аввал бо Низомномаи намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон шинос кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки Низомнома дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» таҳия гардида, самтҳои асосии фаъолияти намояндагиро муайян менамояд. Намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон чун дипломатияи мардумӣ барои таҳкими дўстии халқҳо, рушди муносибатҳои фарҳангӣ хизмат хоҳад кард. Бинобар ин ҳамаи ташкилоту муасиссаҳо, корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон, шаҳрвандони алоҳида метавонанд ба аъзогии он шомил шаванд.

Дар маҷлис А. Ашурова – муовини сардори Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, Б. Раҷабов – сардори Раёсати фарҳанги вилоят, Л. Хоҷаева – раиси маркази фарҳангӣ-таълимии русзабонон, Усмон Билолӣ – шоир ва дигарон баромад намуда, таъсиси намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлонро дастгирӣ кардаанд.

Аз 17 сентябри соли 2012 то 1 феврали соли 2014 Рўзӣ Назифов, аз 3 марти соли 2014 то 1 марти соли 2015 Қутбиддин Мирзоев, аз 1 июли соли 2015 то 4 январи соли 2016 Владимир Казберович, аз 14 марти соли 2016 то 23 декабри соли 2019 Латофат Шарипова, аз 2 январ то 1 декабри соли 2020 Абдулхай Комилӣ, аз 7 декабри соли 2020 то 4 январи соли 2022 Давлатова Роҳила, аз 4 январи соли 2022 то 29 декабри соли 2023 Хоҷаева Людмила ҳамчун намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон фаъолият намудаанд.

Айни ҳол, Худоёрзода Раҷабалӣ аз 18 марти соли 2024 то имрӯз референти намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон фаъолият дорад.

 

 

 


 IMG 5034Аз 11 то 13 декабри соли 2017 бо дастгирии роњбарияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, намояндагї дар вилояти Хатлон ва маќомоти иљроияи Њокимяти давлатии вилояти Хатлон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” бахшида ба муносибати 25-солагии Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон намоиши аксњои Аълочии фарњанги Тољикистон, аксбардор Шуњрат Ёров тањти увони «Дастовардњои Тољикистони соњибистиќлол дар аксњо» доир шуд.

Директории Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” Гулистон Пиракова, намояндаи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, сардори Раёсати фарњанги вилоят Бурњон Раљабов, раиси Иттифоќи рассомони вилоят Р. Њамдамов баромад намуданд.

IMG 5007Чорабинии мазкур намояндагони њукумати вилоят, шањр, идораю корхонањо донишљўёну мактаббачагон зиёда иштирок намуданд.

Дар намоиши аксњои Шуњрат Ёров зиёда аз 100 акс пешнињод гардида, дар давоми як њафта зиёда аз њазор нафар тамошобинон аз он дидан карданд.

Аз тарафи Шуњрат Ёров ба иштирокчиёни чорабинї барномаи консертї низ пешнињод гардид. Баргузории ин чорабинї писанди њамагон гардид ва пешнињод шуд, ки чунин намоишњо бештар баргузор шаванд.

DSC 3661Давоми  соли 2017 дар доираи нахустфестивали вилоятии санъат ва фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ дар кохии «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани маҳбуби ҳама» доир гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода, намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) дар вилояти Хатлон Л. Шарифова, номзади илмҳои фалсафа, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав А. Пиров, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон С. Шомалангов, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии фарҳанг-маърифатии ӯзбекзабонҳои вилоят Т. Темиров, Ҷамъияти рус-забонҳо С. Илясова, туркмантаборҳо М. Бобоқулова, Ҷамъияти олмониҳо С. Лучко, Ҷамъияти кореягиҳо В. Цой, Ҷамъияти қарлуқҳо Қ. Турсун ва Ҷамъияти қазоқҳо З. Саминова иштирок ва суханронӣ карданд.

DSC 3684Дар кори фестивал кормандони Ҷамъияти дӯсти ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Аъзам Мусоев ва Шероз Саъдуллоев иштирок доштанд. Намояндаи ҶДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарифова зимни суханронӣ дар конференсияи мазкур чунин ибрози назар намуд:

ҶДРФТ дар қатори вазифаҳои асосии оинномавии худ дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон дар самти қавитар гардонидани ҳамкориҳо бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ бештар кор мебарад. Ташкилот тавассути гузаронидани конференсия, озмунҳо, фестивалҳо, вохӯриҳову мизҳои мудаввар барои таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини шароити мусоид барои ташвиқи ғояи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии милла- ту халқиятҳои муқими Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад.

DSC 3966Бо ташаббуси намояндагии Ҷамъияти дӯстӣ дар вилояти Хатлон Низомномаи баргузории фестивали якуми фарҳанг ва санъати  ақаллиятҳои миллии вилоят таҳия гардида, ба Мақомоти иҷроияи Ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод гардид. Ин иқдом аз ҷониби Раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дастгирӣ шудаву нақшаи чораби ниҳо ва кумитаи тадорукот дар ҳайати понздаҳ нафар тасдиқ гардида, он рӯзҳои 27 ва 28 апрели соли 2017 доир шуд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар маҷлисгоҳи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав маҳфили адабӣ бо иштироки намояндагони адибони ақаллиятҳои миллӣ таҳти унвони «Васфи туро мекунам, эй Ватан» баргузор гардид. Маҳфили адабиро бо сухани ифтитоҳӣ Озар – раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оғоз намуд.

DSC 4614Дар он бисту панҷ нафар адибони қавмҳои гуногун ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон) аз ҷумла, Шодмон Ҷӯра, Холмурод Саттор, Зиё Қизил, Неъмат Муҳаммад Саид, Гулбибӣ Мирзоева, Турсунов М., Ходжаева Л. Д., Гапошина Соня, Нуралӣ Авазов, Исматулло Равшанӣ, Ҷалов Тошпулод, Тоштемиров Ҷӯрақул ва дигарон аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат намуданд. Дар охир донишҷӯёни донишгоҳ барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод намуданд.

Рӯзи дигар дар бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа идомаи фестивали вилоятӣ бо намоиши ҳунарҳои халқӣ ва хӯрокҳои миллии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ сурат гирифт.

Дар намоиши ҳунарҳои халқӣ ва хӯрокҳои миллӣ – дастранҷи ӯзбекҳои ургутмаҳаллаи Шаҳри Қӯрғонтеппа, лақайҳои ноҳияҳои Ёвону Хуросон, қунғротҳои ноҳияи Ҷалолуддини
DSC 4474Балх
ӣ, дурманҳои ноҳияҳои Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус, қарлуқҳои ноҳияҳои Данғара, Панҷ, Ҷайҳун, Вахш, Восеъ; инчунин намоиши ҳунар ва ғизоҳои миллии русзабонҳо, қазоқҳо, немисҳо, кореягиҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ пешниҳод гардиданд.

Мақсад аз гузаронидани ин фестивал, ки ба 20-солагии Ваҳдати Миллӣ ва Соли ҷавонон бахшида шуда буд, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, густариши ваҳдату ягонагӣ, эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ, кашфи истеъдодҳои нав дар байни ақаллиятҳои миллии муқими вилояти Хатлон ва дар ин замина мусоидат намудан ба раванди тарбияи насли наврас буд.

Номаи табрикотии узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, ки онро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни ифтитоҳи фестивал қироат намуд ва он бо суханҳои дар мавзӯи ваҳдату ҳамдилӣ, дӯстиву рафоқат арзкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музайян буд, муҳтаво ва арзиши ин зуҳуроти ҷомеасозро ҷилвагар намуд. Намояндагони ақаллиятҳо ҳамчунин сару либоси миллиашонро ба маърази тамошо гузошта, бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири ҳозиринро шод карданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ чунин иқдом дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва робита бо ақал лиятҳои миллӣ муҳим арзёбӣ шуда, ҷавҳари асосии муносибатҳоро ташкил мекунад. Аз нигоҳи мансубияти миллӣ, забон, ҳифзи анъанаву расму ойин дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

DS 5452Дар охир муовини Раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода барои иштироки фаъолона дар Фестивал ба намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Латофат Шарипова, раиси маркази фарҳангӣ-маърифатии ӯзбекзабонони вилоят Темиров Тошмад, роҳбари Маркази фарҳангӣ-таълимии русзабонони вилоят Ходжаева Л. Д., Ҷамъияти кореягиҳо Цой Виктор, Ҷамъияти қазоқҳо Марат Идрисов, Ҷамъияти туркманҳо Аннаев Шоназар, Ҷамъияти қарлуқҳо Олимов Абдуқаюм, Ҷамъияти немисҳо Лучко Светлана сипосномаҳои Раиси вилоятро супорид.

                                                            Л. Шарипова – намояндаи ҶДРФТ дар вилояти Хатлон