DSC 3661Давоми  соли 2017 дар доираи нахустфестивали вилоятии санъат ва фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ дар кохии «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани маҳбуби ҳама» доир гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода, намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) дар вилояти Хатлон Л. Шарифова, номзади илмҳои фалсафа, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав А. Пиров, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон С. Шомалангов, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии фарҳанг-маърифатии ӯзбекзабонҳои вилоят Т. Темиров, Ҷамъияти рус-забонҳо С. Илясова, туркмантаборҳо М. Бобоқулова, Ҷамъияти олмониҳо С. Лучко, Ҷамъияти кореягиҳо В. Цой, Ҷамъияти қарлуқҳо Қ. Турсун ва Ҷамъияти қазоқҳо З. Саминова иштирок ва суханронӣ карданд.

DSC 3684Дар кори фестивал кормандони Ҷамъияти дӯсти ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Аъзам Мусоев ва Шероз Саъдуллоев иштирок доштанд. Намояндаи ҶДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарифова зимни суханронӣ дар конференсияи мазкур чунин ибрози назар намуд:

ҶДРФТ дар қатори вазифаҳои асосии оинномавии худ дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон дар самти қавитар гардонидани ҳамкориҳо бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ бештар кор мебарад. Ташкилот тавассути гузаронидани конференсия, озмунҳо, фестивалҳо, вохӯриҳову мизҳои мудаввар барои таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини шароити мусоид барои ташвиқи ғояи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии милла- ту халқиятҳои муқими Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад.

DSC 3966Бо ташаббуси намояндагии Ҷамъияти дӯстӣ дар вилояти Хатлон Низомномаи баргузории фестивали якуми фарҳанг ва санъати  ақаллиятҳои миллии вилоят таҳия гардида, ба Мақомоти иҷроияи Ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод гардид. Ин иқдом аз ҷониби Раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дастгирӣ шудаву нақшаи чораби ниҳо ва кумитаи тадорукот дар ҳайати понздаҳ нафар тасдиқ гардида, он рӯзҳои 27 ва 28 апрели соли 2017 доир шуд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар маҷлисгоҳи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав маҳфили адабӣ бо иштироки намояндагони адибони ақаллиятҳои миллӣ таҳти унвони «Васфи туро мекунам, эй Ватан» баргузор гардид. Маҳфили адабиро бо сухани ифтитоҳӣ Озар – раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оғоз намуд.

DSC 4614Дар он бисту панҷ нафар адибони қавмҳои гуногун ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон) аз ҷумла, Шодмон Ҷӯра, Холмурод Саттор, Зиё Қизил, Неъмат Муҳаммад Саид, Гулбибӣ Мирзоева, Турсунов М., Ходжаева Л. Д., Гапошина Соня, Нуралӣ Авазов, Исматулло Равшанӣ, Ҷалов Тошпулод, Тоштемиров Ҷӯрақул ва дигарон аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат намуданд. Дар охир донишҷӯёни донишгоҳ барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод намуданд.

Рӯзи дигар дар бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа идомаи фестивали вилоятӣ бо намоиши ҳунарҳои халқӣ ва хӯрокҳои миллии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ сурат гирифт.

Дар намоиши ҳунарҳои халқӣ ва хӯрокҳои миллӣ – дастранҷи ӯзбекҳои ургутмаҳаллаи Шаҳри Қӯрғонтеппа, лақайҳои ноҳияҳои Ёвону Хуросон, қунғротҳои ноҳияи Ҷалолуддини
DSC 4474Балх
ӣ, дурманҳои ноҳияҳои Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус, қарлуқҳои ноҳияҳои Данғара, Панҷ, Ҷайҳун, Вахш, Восеъ; инчунин намоиши ҳунар ва ғизоҳои миллии русзабонҳо, қазоқҳо, немисҳо, кореягиҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ пешниҳод гардиданд.

Мақсад аз гузаронидани ин фестивал, ки ба 20-солагии Ваҳдати Миллӣ ва Соли ҷавонон бахшида шуда буд, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, густариши ваҳдату ягонагӣ, эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ, кашфи истеъдодҳои нав дар байни ақаллиятҳои миллии муқими вилояти Хатлон ва дар ин замина мусоидат намудан ба раванди тарбияи насли наврас буд.

Номаи табрикотии узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, ки онро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни ифтитоҳи фестивал қироат намуд ва он бо суханҳои дар мавзӯи ваҳдату ҳамдилӣ, дӯстиву рафоқат арзкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музайян буд, муҳтаво ва арзиши ин зуҳуроти ҷомеасозро ҷилвагар намуд. Намояндагони ақаллиятҳо ҳамчунин сару либоси миллиашонро ба маърази тамошо гузошта, бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири ҳозиринро шод карданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ чунин иқдом дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва робита бо ақал лиятҳои миллӣ муҳим арзёбӣ шуда, ҷавҳари асосии муносибатҳоро ташкил мекунад. Аз нигоҳи мансубияти миллӣ, забон, ҳифзи анъанаву расму ойин дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

DS 5452Дар охир муовини Раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода барои иштироки фаъолона дар Фестивал ба намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Латофат Шарипова, раиси маркази фарҳангӣ-маърифатии ӯзбекзабонони вилоят Темиров Тошмад, роҳбари Маркази фарҳангӣ-таълимии русзабонони вилоят Ходжаева Л. Д., Ҷамъияти кореягиҳо Цой Виктор, Ҷамъияти қазоқҳо Марат Идрисов, Ҷамъияти туркманҳо Аннаев Шоназар, Ҷамъияти қарлуқҳо Олимов Абдуқаюм, Ҷамъияти немисҳо Лучко Светлана сипосномаҳои Раиси вилоятро супорид.

                                                            Л. Шарипова – намояндаи ҶДРФТ дар вилояти Хатлон