rais-Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич 10 августи соли 1945 дар деҳаи Муллобадали ноҳияи Шулмак (ҳозира ноҳияи Рашт) таваллуд ёфтааст.
Соли 1969 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуда, дар вазифаҳои роҳбарии Раёсати бахши обёрии дар ноҳияи Ғарм будаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Комиҷроияи ноҳияи Ғарм шуда кор кардааст.
Солҳои 1977–1979 шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Баъдан дар вазифаҳои раиси Комиҷроияи ноҳияи Ғарм, котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик), котиби Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти вилояти Хатлон, раиси Комиҷроияи вилояти Қурғонтеппа, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири Ҳифзи муҳити зист, раиси ноҳияи Ғарм, раиси Кумитаи филизоти қиматбаҳо ва сангҳои ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
ӯ депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1990–1995) даъвати дувоздаҳум, вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1995–2000) даъвати якум интихоб шудааст.
Хайруллоев Сайдулло аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт №12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000–2005) даъвати дуюм интихоб мешавад.
27 марти соли 2000 дар иҷлосияи якум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм интихоб мешавад. ӯ нахустин раиси Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 апкили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005–2010) даъвати сеюм интихоб шуда, бори дуюм Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.
29 марти соли 2010 Сайдулло Хайруллоев бо амри Президенти кишвар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати солҳои 2010–2015 таъйин шуд.
23 апрели соли 2010 Хайруллоев С. дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб гардид.
11 ноябри соли 2010 Хайруллоев Сайдулло дар конференсияи Х-уми ҳисоботию интихоботии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тариқи овоздиҳии кушод Раиси Раёсат интихоб шуд, ки то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад.
Хайруллоев Сайдулло тамоми вазифаҳои ба ӯҳдааш гузошташударо бо камоли кордонӣ ва ҳисси масъулияти баланд иҷро менамояд. Вай тайи даҳ соли ба ҳайси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карданаш, дар ташкил ва бунёд гузоштани парламентаризм ва қонунгузории касбӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Таҳти роҳбарии ӯ дар ин муддат зиёда аз ҳазор қонуну қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қабул гардида, ба рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон мусоидат менамояд. Обрӯ ва нуфузи Парламенти касбии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон афзуда, он ба узвияти даҳҳо созмонҳои парламентии байналмилалӣ пазируфта шудааст.
Хайруллоев Сайдулло ҳамчун ходими давлативу арбоби барҷастаи сиёсӣ дар мамлакат ва берун аз он маълуму маъруф аст.
Хайруллоев Сайдулло дар солҳои фаъолияташ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудааст: бо Унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I, Ордени «Содружество»-и Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ордени «Шараф», Ордени «Нишони Фахрӣ», Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», Орден «Славы» Исламской Республики Афганистан, Медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоияти Федератсияи Россия, Медали тиллои «Сулҳ»-и байнипарлумонии ИДМ, Медали ҷашнии «10-солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон», Медали ҷашнии «10-солагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Медали ҷашнии «85-солагии миллитсияи Тоҷикистон», Медали ҷашнии «15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Медали «15-летие Совета Федерации», Медали «300-солагии Санкт–Петербурга» ва дигар мукофоту ифтихорномаҳои давлатӣ мебошад.
Бо мусоидат ва ташаббуси Хайруллоев Сайдулло роҷеъ ба таърихи парламентаризми тоҷик китобҳои ӯ: «Интихоби замон» (Душанбе–2002), «Башорати қонун» (Душанбе–2003), «Асри қонун» (Маҷмӯаи гузоришҳо, мусоҳибаҳо ва мақолаҳо) дар нашриёти «Шарқи озод» - 2005), «Мақоми олии қонун» (Душанбе–2010), рисолаи Сайдулло Хайруллоев «Ангораҳои диёри Раштон», (Душанбе–2005), китоби «Век закона», (Душанбе–2008), китоби «Нахустраиси Маҷлиси намояндагон» (оид ба фаъолияти Сайдулло Хайруллоев дар Парламенти касбии Тоҷикистон), (Душанбе–2008), китоби «Дипломатияи парлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000–2010)» муаллифон Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммадато Султонов, (Душанбе–2011), китоби «Сайдулло Хайрллоев» (Зиндагинома), муаллиф Усмонҷон Ғафоров (Душанбе–2012),китоби «Абармарди миллат» (Зиндагиномаи Сайдулло Хайруллоев), (Душанбе «Истеъдод»–2015, 248 саҳ.)ва дигар китобҳо ба табъ расидаанд.
Инчунин, чанд мақолаҳояш дар маҷаллаи «Вестник» – нашрияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт–Петербург, аз соли 2000 то 2010 дар рӯзномаи «Садои мардум» мақола, мулоқоту суханрониҳои Нахустраиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, дар ҳафтаномаи «Бизнес и политика» мусоҳибаи Сайдулло Хайруллоев бо мухбири ҳафтанома таҳти унвони «Ҳамеша якрӯ бошем» ва дигар мақолаву мусоҳибаҳои ӯ дар рӯзномаву маҷалла чоп шудаанд.
Китобҳое, ки бо саъй ва ташаббуси Хайруллоев Сайдулло нашр шудааст: асари «Гулшани тавҳид»-и Мавлавӣ Шоҳидии Раштӣ (Душанбе–2003), «Осори мунтахаб»-и Мавлоно Ҷомии Сонӣ (Душанбе–2005), таҳти назари Хайруллоев Сайдулло китоби «Вакилони халқ 1938–2010» (Душанбе–2006), нашри дуюми «Осори мунтахаб»-и Мавлоно Ҷомии Сонӣ (Душанбе–2009), китоби «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» муаллиф Мирзо Муллоаҳмадов (Душанбе, «Шуҷоиён» 2011), китоби «Сухане чанд, аз робитаҳои ду сарзамини тамаддунофар» (Бахшида ба бист соли робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой»), мураттиб Зиёев Х.М., Восиева Р.Қ., (Душанбе, «Эр-граф» 2012), китоби «Ҳафт суфраи Наврӯз» суфраи аввал, (Маҷмӯаи ашъор ва тасвирҳо), мураттибон Мирзо Муллоаҳмадов, Субҳиддин Зиёев (Душанбе, «Эр-граф» 2014), китоби «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», (поэтический сборник), (Душанбе, «Орбита», 2015), китоби «Зерцало человечности» (научные изыскания по иранистике), муаллиф Мирзо Муллоаҳмадов (Душанбе, «Дониш» 2016), китоби «Нахлистони тавҳид» (оид ба ашъори Ҷумъа Қувват), (Душанбе–2017) ва дигар китобҳо аз чоп бароманд.
Бо дастгирӣ ва кӯмаки Хайруллоев Сайдулло аз соли 2012 то имрӯз нашри мунтазами маҷаллаи «Дӯстӣ» нашри Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, дар як сол 4 шумораро ба роҳ монданд.
Инчунин, аз соли 2012 бо ташаббус Сайдулло Хайруллоев сомонаи интернетии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо номи www.friendship.tj таъсис дода шуд.



МАҶАЛЛАИ «ДЎСТӢ»

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Сентябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30