МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ МУҲАММАД САИД САРВАР

Автор 
Опубликовано:25 Октябрь 2023
1785 раз Последнее изменение Среда, 25 Октябрь 2023 08:30
Оцените материал
(1 Голосовать)

        vstrecha 17.10.23 217 октябри соли 2023 дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) мулоқоти Раиси Раёсати ҶДРФТ муҳтарам Хайруллоев Сайдулло бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар бо дархости ҷониби покистонӣ баргузор шуд.

Баъд аз дуруд ва таҳният, сӯҳбатро муҳтарам Сайдулло Хайруллоев оғоз карда, ҷаноби Сафирро бо таъин шудан ба ин вазифа табрик намуданд ва аъзоёни Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон»-ро, ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, муаррифӣ намуданд.

Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» проессор Шодимуҳаммад Суфизода, аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Баҳром Олимов, кормандони ҶДРФТ Иброҳим Абдуллозода, Файзулло Тиллоев, ҷонишини Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имад Насим, тарҷумони Сафорат Манучеҳр Салимов иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Хайруллоев Сайдулло қайд намуданд, ки ҳар як Сафир вобаста ба фаъолияти худ нақше дар муносибатҳои дуҷониба мегузорад ва изҳори орзу намуданд, ки Сафири навтаъини Покистон дар муносибатҳои Тоҷикистону Покистон нақши босазое хоҳад гузошт. Аз ҷониби худ Ҷамъияти дӯстӣ бо истифода аз дипломатияи мардумӣ барои боз ҳам қавитар гардонидани муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ ва сиёсии ду кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

vstrecha 17.10.23 1Сипас, Сайдулло Хайруллоев баъзе фактҳои таърихиро ёдовар шуда гуфтанд, ки Тоҷикистону Покистон аз бисёр ҷанбаҳо шабеҳи якдигар мебошанд, чунки дар Покистон низ бисёр тоҷикҳое, ки чорсад сол пеш ба Покистон муҳоҷират намуда буданд, дар таърих, фарҳанг, илм ва сиёсати кишвари Покистон нақши намоёне гузоштаанд. Вале, дар баъзе ҷиҳатҳо Покистон аз Тоҷикистон дар пеш меистад, хусусан, дар масъалаи демократия, илмҳои дақиқ ва ғайра. 

         Баъдан, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар суханронӣ намуда, барои ин вохӯрии басо муҳим изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ӯ баъд аз ба Тоҷикистон омаданаш, худашро дар ин кишвар ҳеҷ бегона ҳис накардааст ва гӯё дар ватани худ адои вазифа карда истода бошад. Чунки аз рӯи рафтор, урфу одатҳо ва бисёр ҷиҳатҳо мардумони ҳар ду кишвар бисёр монандӣ доранд.

Ҷаноби Сафир қайд намуд, ки рушди демократия дар Покистон басо таърихи қадима дорад ва баъд аз ба даст даровардани истиқлолият дар соли 1948, онро мардум ва ҳукумати Покистон доим кӯшиш мекунанд, ки боз ҳам инкишоф диҳанд. Вай қайд намуд, ки Тоҷикистон низ дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ 30-сол дастовардҳои хеле бузургро ноил гаштааст. Ӯ ёдовар шуд, ки то ҳол   Эътимодномаашро ба Президенти кишвар насупорида бошад ҳам, лекин бо вуҷуди он ба фаъолияти дипоматӣ шурӯъ намудааст. Вай ваъда дод, ки баъд аз супоридани Эътимоднома ва расман ба фаъолияти сафирӣ шурӯъ карданаш, пеш аз ҳама аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистонро ба Сафорат даъват намуда, роҳҳои тақвияти дӯстии мардуми ду кишварро баррасӣ хоҳад намуд.

         vstrecha 17.10.23 3Баъд аз он, муҳтарам Сайдулло Хайруллоев аз баъзе хотироти худ аз даврони фаъолияташон ба ҳайси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, бо баъзе аз ашхоси таърихии Покистон ба монанди шоир Файз Аҳмад, Беназир Бхутто, Парвиз Мушарраф ва дигарон шинос шуданашон ва сӯҳбатҳо гузарониданашон ёдовар шуданд.

         Сипас, сухан ба Раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» профессор Шодимуҳаммад Суфизода дода шуд. Ш. Суфизода зарурати тақвияти дӯстии Тоҷикистону Покистонро қайд намуда, таъкид карданд, ки ба мо зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар ҷодаи фарҳанг, илм, иқтисодиёт ва ғайра васеъ намоем. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки авохири моҳи ноябр профессор Ш. Суфизода дар Конфронсе, ки дар Покистон бахшида ба аллома Иқбол гузаронида мешавад, иштирок намуда, маърӯзаи илмие низ хоҳанд намуд. Ба ғайр аз ин, 9 ноябр дар Факултаи забонҳои Аврупо ва Осиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ Конфронси илмӣ барпо карда мешавад.

         Дар анҷоми сӯҳбат Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ муҳтарам Сайдулло Хайруллоев ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.