Ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2020

Автор 
Опубликовано:10 Март 2021
4643 раз Последнее изменение Пятница, 12 Март 2021 07:10
Оцените материал
(1 Голосовать)

 2 марти соли 2021 Ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) дар соли 2020 баргузор гардид.

Нишасти мазкур таҳти раисии Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта, дар он масъули намояндагии ҶДРФТ дар вилояти Хатлон, раисон ва намояндагони Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳидаи дар доираи ҶДРФТ фаъолияткунанда, намояндаи ақалиятҳои миллӣ иштирок доштанд.

Аз ҷумла, Хайруллоев Сайдулло – Раиси Раёсат, Шарифова Мушаррафа – Ҷонишини Раиси Раёсат, Раҷабов Ҳабибулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», Муллоаҳмадов Мирзо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон», Шукурзода Мирзо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон», Сайфуллоев Хайрулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германия», Латифов Ҷӯра – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Куба», Насимов Азимқул – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея», Искандаров Қосимшо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Афғонистон», Нағзибекова Меҳринисо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия», Султонзода Соқибой – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса», Салимӣ Носир – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», Байдуллоев Аъзам – ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», Восиева Рухшона – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», АбдуҶабборов Абдуғаффор – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», Қурбанова Каиржан – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», Мансуров Умед – Ҷониши раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония», Дороншоева Некбахт – котиби масъул Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Туркия», Суфизода Шодимаҳмад – мудири китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , Шарипова Латофат – референт, раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон , Давлатова Роҳила – референт (намоянда) дар вилояти Хатлон, Мирҳайдарова Таcкира – аъзои Маркази миллӣ–мадании тотору бошқирдҳои Тоҷикистон «Дуслик», Тиллоев Файзулло – мудири Шӯъбаи Раёсат, Кандаурова Гуландом – котиби коргузор, Муқимов Хайрулло – референт, Шайимов Диёр – референт, Дахте Заур – суратгири маҷаллаи «Дӯстӣ», Аҳмадҷонов Исмоил – сармуҳосиб, Муқимов Авазхон – мудири хоҷагӣ ва ғайра иштирок доштанд.

Ҷаласаро Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи ҷаласа, ки мавзӯъҳои шунидани ҳисоботи солонаи Раёсати ҶДРФТ дар соли 2020, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021), муҳокима ва тасдиқи нақшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2021, қабули қарорҳои дахлдор оид ба фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2021 ва дигар корҳои Ҷорӣ иборат буд, шинос намуд.

Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ вазифаҳои оинномавии худро иҷро намуда, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, Ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида дар ниҳодҳо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат ҳисоботҳои хешро пешниҳод карданд.

Дар доираи баргузории чорабиниҳо баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашнҳои давлатӣ ва дигар ҷашнҳои миллӣ, ки барои ҳар шаҳрванди кишвар азизу гиромист, аҳамияти хоса дода шуд.

Бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худи идораи Ҷамъияти дӯстӣ, инчунин дар баъзе Ҷамъиятҳои дӯстии назди он ва баъзе марказҳои миллию фарҳангӣ бо кӯшиши масъулони ташкилот ҷаласаҳо доир гаштанд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро чун ҳамеша дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазоратҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ пеш бурд.

6 марти соли 2020 дар инҷо ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсат баргузор гардид, ки аксарияти Шумо шоҳиди он будед.

Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, Ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида, марказҳои фарҳангии ташкилотҳои ақаллиятҳои миллӣ кори худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монданд. Ҳисоботи худи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, раисони ҷамъиятҳои алоҳида шунида мешавад.

Дар охир қайд намудан зарур аст, ки дар соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва хуруҷи пандемияи CОVID-19 дар аксар кишварҳои олам таъсири худро расонд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳо аз сироятии коронавирус эмин намонд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, намояндагиҳо ва Ҷамъиятҳои алоҳида ҳамаи чорабиниҳои асосии барои соли 2020 ба нақша гирифташударо иҷро намуда, илова бар он чандин чорабиниву иқдоми назарраси пурракунандаи вазифаҳои оинномавиро ба Ҷо оварданд ва имрӯз ин фаъолият аз ҷониби ҳозирон баҳогузорӣ мешавад».

Сипас, муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарипова дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2020 ҳисобот дод. Муҳимтарин рӯйдодҳо, чорабиниҳо, ҳамкорӣ бо Сафоратҳо, иштирок дар Форумҳо, ҳамкори бо шарикон махсус қайд гардид.

Баъдан, сухан ба раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Афғонистон» Қосимшо Искандаров дода шуд. Қ. Искандаров оиди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, нуқтаҳои муҳим ба фаъолияти ҶДРФТ марбути он диққати махсус доданд.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботии солона, нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2021 муҳокима гардид.

Масъалаи қабули қарорҳо «Дар бораи ҳисоботи фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2020», «Дар бораи тасдиқи нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2021» бо назардошти пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.