Вохӯрии Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики

Автор 
Опубликовано:12 Март 2024
1120 раз Последнее изменение Вторник, 12 Март 2024 12:29
Оцените материал
(1 Голосовать)


   01-12 марти соли 2024
Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Љумњурии Тољикистон Тошиҳиро Аики дар дафтари кории Љамъияти дўстї мулоқот намуданд.Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди шарикии стратегии Тоҷикистон ва Японияро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории густурда табодули афкор намуданд.S-3

 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо  кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев дар рафти мулоқот оиди фаъолияти кории Ҷамъиятҳои зертобеъи Раёсат маълумот дода, инчунин оиди сафари худ дар Япония ва вохӯриашон бо Императори Япония, раиси Парламенти Япония, муовини Вазири корҳои хориҷии Япония ва таъсуроташон нисбати мардум ва давлати Япония ба Сафир нақл намуда, аз Тошиҳиро даъват ба амал намуданд, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани робитаҳои дӯстиву фарҳангӣ ва дар ҷодаи илм саҳми Сафир калон мебошад.                                                                                         

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Љумњурии Тољикистон Тошиҳиро  Аики дар рафти суҳбат зикр намуданд, ки ҳамкории Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» дар ҷодаи дӯстиву робитаҳои    фарҳангӣ, инчунин алоқаи донишгоҳҳои Тољикистон бо Япония дар ҷодаи рушди илм ва таҷрибаомӯзӣ омӯзгорону донишҷӯён ба   роҳ монда шавад.оварии комил дорем, ки таҳти роҳбарии раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» Файзулло Машраб ва аъзоёни тозаинтихобӣ ҷамъият мавзӯҳои болозикр ҳаллӣ худро меёбанд.S-4
Раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония»  Файзулло Машраб дар баромадаш қайд намуд, ки дар оянда Сафирро ба Донишгоњи славянии Тољикистону Россия барои азназдик шинос гардидан даъват менамояд. Қайд намуд, ки барои таҷрибаомӯзӣ байни омӯзгорону донишҷӯёни Тоҷикистону донишгоҳҳои Япония нақшае тартиб диҳем, ки оянда барои рушди илму фарҳанг ва қавӣ гардидани робитаҳои дӯстӣ мусоидат намояд.Дар вохӯрӣ раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» Файзулло Машраб, котиби масъули Ҷамъияти мазкур Холова Шаҳбону, муаллимаи забони японӣ Садирисломова Ангелина, кормандони Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Иброҳим Абдуллозода, Ф. Тиллоев, Р. Одинаев, Заур Дахте ва кормандони Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар рафти суњбат љонибњо масъалањои ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар ҷодаи рушди фарҳангу илму маориф ва робитаҳои дӯстӣ баррасї намуданд.

Дар охир аз ҷониби Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ муҳтарам Сайдулло Хайруллоев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Љумњурии Тољикистон Тошиҳиро Аики ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.      

 

 

Абдуллозода Иброҳим,

Файзулло Тиллоев –

кормандони

Љамъияти дўстї ва равобити

фарњангии Тољикистон

бо кишварњои хориљї