16 апрели соли 2024 Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва Равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдилдаев Эрлан Бекешович мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» Маҳмудзода Музаффарҷон, муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, суратгири маҷаллаи «Дӯстӣ» Заур Дахте ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Сайдулло Хайруллоев қайд намуданд, ки Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї умедвор аст, ки дар оянда ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар дар чаҳорчӯбаи Љамъияти дўстии «Тољикистон – Қирғизистон» таҳким хоҳанд ёфт.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдилдаев Эрлан Бекешович низ зимни ташаккур аз пазироии самимӣ, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дипломатӣ, аз ҷумла дар самти робитањои дуҷониба баррасӣ карда, дар марњилаи муосир нақши дипломатияи мардумиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо оид ба мустаҳкам намудани равобити дӯстиву фарҳангӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангию адабӣ дар доираи олимону адибони давлатҳо ибрози ақида намуданд.
Дар фароварди мулоќот љонибњо бо арзи эњтиром ба њамдигар туњфањои хотиравї тақдим намуданд.