РӮНАМОИИ КИТОБИ КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ БО НОМИ «ДАР ҚАЛАМРАВИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТ»

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

Бо баробари навиштани гузориш ба Шумо маълум менамоем, ки санаи 17-уми октябри соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муъарифии китоби академик Кароматулло Олимов «Дар қаламрави фалсафа ва сиёсат», ки бо дастгири Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба чоп расид, багузор гардид.

К. Олимов дар каламрави фалсафа ва сиёсат Чорабини мазкурро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Назар Муъмин Абдуҷалол оғоз бахшида, барои ба чоп расидани китоби мазкур ба раёсати ҶДРФТ ва муаллифи китоб изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас, олимону кормандони институт баромад намуда фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар охир муаллифи китоб Кароматулло Олимов баромад намуда, барои ба чоп расонидани китоби мазкур ба Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев изҳори миннадорӣ намуданд.

Дар китоби академик К. Олимов мақолаҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун оид ба масъалаҳои фалсафа, илм, методология, андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир, сиёсат, замон ва шахсият таълиф гардадаанд, ҷамъоварӣ шудаанд. Барои муҳаққиқони соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, адабиёт, фарҳанг ва тамоми дӯстдорони илму ҳикмат пешбинӣ гардидааст.


Муаллиф: Олимов Кароматулло. Дар қаламрави фалсафа ва сиёсат. – Душанбе, ҶДММ «Табъу нашр», 2023. – 320 с.

Муҳаррири масъул: Хуршед Зиёӣ

Муҳҳаррири техникӣ: Файзулло Тиллоев

 

 

       Кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва

 равобити фарҳангии Тоҷикистон

            бо кишварҳои хориҷӣ                                                                    И. Абдуллозода, Ф. Тиллоев