НАТИҶАГИРИИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ХУД

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
3289 раз Последнее изменение Вторник, 09 Январь 2018 12:12
Оцените материал
(0 голосов)

27.01.2015 Дар Маркази илму фарҳанги Россия (Россотрудничество) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) баргузор гардид.  Нишасти мазкур таҳти раёсати Раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта,

дар он аъзои Раёсати ҶДРФТ Куллаков Давлат, Галия Рабиева, масъулони Намояндагиҳои ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисон ва намояндагони Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ амал мекунанд, сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, ки бо ин ташкилоти собиқадор ҳамкорӣ доранд, Сарвари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Курнушко Владислав Олегович, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аббасалӣ К. Гасанов, Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикисон Вонсяк Олег Михайлович, Консули Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амалкелдиев, Директори Маркази Конфутсий Ден Син ва даъватшудагони дигар иштирок карданд. 

Ҷалсаро Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо масъалаҳои ҷаласа, ки аз «Ҳисоботи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ» ва «Тасдиқи нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2015» иборат буд, шинос намуд. 

Сипас, муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти яксолаи ҶДРФТ гузориш дод. Зикр гардид, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, пешрафти фаъолияти Ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он амалкунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дигар анҷом дод. 

Дар давраи ҳисоботӣ се ҷамъияти нав – Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Япония», Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон–Вйетнам» ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС) таъсис ёфта, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон–Франсия» аз нав эҳё гардид. Сомонаи интернетии ҶДРФТ (www.friendship.tj) ҳамарӯза мулоқоту чорабиниҳои доиркардаи ҳам худи ҶДРФТ ва ҳам Ҷамъиятҳои дӯстии дар назди он фаъолиятбарандаро бо аксҳои ҷолиб манзури истифодабарандагон мекунад. Нашри маҷаллаи мавсимии «Дӯстӣ»-и ҶДРФТ идома ёфта, дар давраи ҳисоботӣ чаҳор шумораи он ба табъ расид. Нашри махсуси маҷалла, ки ба мавзӯи дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Хитой ва ташрифи давлатии Раиси ҶХХ Си Тзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, бо дастгирии Сафорати ҶХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Ин шумора дар Саммити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе (12 сентябри соли 2014) ба иштирокчиёни чорабинӣ тӯҳфа гардид. Ҳоло дар назди ҶДРФТ 21 Ҷамъияти дӯстӣ фаъолият мекунад, ки ҳамаи онҳо дар соли сипаригардида фаъолияти пурсамар доштанд (матни пуррааш дар маҷаллаи «Дӯстӣ» ҷой дода мешавад). 

Инчунин хоҳишмандон, раисони баъзе аз Ҷамъиятҳои дӯстии назди ҶДРФТ амалкунанда, сарварони иттиҳодияҳои ақаллиятҳои миллӣ ва роҳбарони марказҳои миллӣ оиди фаъолияташон дар соли 2014 маълумот доданд. Ҳисоботҳо мавриди баррасӣ ва арзёбии ширкаткунандагон қарор гирифта, фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2014 қаноатбахш ҳисобида шуд.

Дар ҷаласа Нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2015 муҳокима гардида, бо назардошти пешниҳодҳои тоза тасдиқ гардид. Ҷаласаи ҳисоботӣ бо қабули қарорҳои дахлдор оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2015 ҷамъбаст гардид. 

Дар фароварди ҷаласа Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба Директори Маркази Конфутсий Ден Син, Атташеи фарҳангии Сафорати ҶХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷоу ва Раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - Хитой», Ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон Хуршед Зиёев барои фаъолияти пурсамарашон дар таҳкими дӯстӣ ва тақвияти робитаҳои фарҳангии мардумони тоҷику хитойӣ бо Ифтихорномаҳои ҶДРФТ қадрдонӣ шуданд.

Последнее от

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31