МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Автор 
Опубликовано:21 Ноябрь 2025
19 раз Последнее изменение Пятница, 21 Ноябрь 2025 10:31
Оцените материал
(1 Голосовать)

DSC 084419-уми ноябри соли 2025 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Валихан Туреханов доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» Абдуғаффор Абдуҷаббор, котиби масъули ҷамъият Картан Қурбанова, сармуҳаррири маҷаллаи «Дӯстӣ» Наҷмиддин Зайниддинзода иштирок намуданд.

Сайдулло Хайруллоев дар оғоз Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро бо ташрифаш шодбош гуфта, оид ба фаъолияти ҷамъият, робитаҳои он бо Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳои дучониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг маълумоти мухтасар дод.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов низ изҳор дошт, ки муносибатҳои дипломатии ҳар ду давлат дар сатҳи ниҳоят баланд қарор дошта, минбаъд барои таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳа дар ҳама арсаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш талош хоҳад кард.  

Баррасии вазъи соҳаи маориф, хусусан фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ақаллиятҳои миллии ҳар ду кишвар, таъмини онҳо ба адабиёти таълимӣ, табодули донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз масъалаҳои дигаре буд, ки мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.  

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30