АХБОР

АХБОР (71)

Акс 3 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рӯнамоии тарҷумаи қисми якуми китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои маъруфи ҷаҳон – фаронсавӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва куриёӣ бо баргузории ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода, Cафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса Элза Пинёл, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидраҳмон Сулаймонов, Ҳабибулло Раҷабов ва Умар Сафар доир ба нақшу мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии як давлати соҳибистиқлол дар осори беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.

Зикр гардид, ки китоби мондагори Пешвои миллат ба унвони «Забони миллат – ҳастии миллат», воқеан ҳам ҳамбаста ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ таълиф шуда, бори дигар бо далелҳои муътамад бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит сохтааст. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад ва мо таърих ва фарҳанги куҳанбунёди хеш, матнҳои беш аз ҳазору дусадсола, эҷод ва осори ҷовидонаи садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари тоҷикро имрӯз маҳз бо ин забони нобу шево мехонему дарк мекунем. Халқи тоҷик дар ҳама давру замон бо гӯйишу шеваи хоси забони тоҷикӣ кӯшидааст, ки забони гуфторӣ ва навишторӣ бе фосила амалкард дошта бошад.

Маврид ба ёдоварист, ки китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 2022 то имрӯз бо 7 забони тадрисшавандаи муассиса тарҷума ва нашр шудааст, ки ин иқдом воситаи муаррифии забони ғановатбору хушоҳанги мо дар арсаи ҷаҳон мебошад. Аз рӯйи нусхаи тоҷикӣ ва тарҷумаҳои он донишомӯзони донишгоҳи номбурда таълим мегиранд.

7B2A680819-уми сентябри соли 2025 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ», ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, муовини раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» А. Наврасов, кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ И. Абдуллозода, Н. Зайниддинзода, Ф. Тиллоев, А. Азимов ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев аз таърихи таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» ёдовар шуда, иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг миёни ҳар ду кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.
7B2A6776Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи боз ҳам беҳтар тақвият бахшидани муноситбатҳои фарҳангиву гуманиарӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илм, таҳсилот омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ изҳор намуд.
Дар ҷараёни мулоқот раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея», ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода аз фаъолияти ҷамъият, ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея дар самти табодули донишҷӯён, таҷрибаомӯзии омӯзгорону муҳаққиқон бо қангоатмандӣ ёдовар шуд.
Мулоқот дар сатҳи баланд баргузор гардида, таъкид гардид, ки дар оянда дар заминаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муносибатҳои мутақобилан судмандро тақвият хоҳанд дод.

 

 

 

 

 

 DSC 629030 июни соли 2025 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уки баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариш бахшидани фаъолияти Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», табодули донишҷӯён барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳар ду кишвар, инчунин тақвияти масоили фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.  

  Зикр гардид, ки бо назардошти солҳои охир ба таҳсил фаро гирифтани зиёда аз 1000 нафар ва сол аз сол афзудани теъдоди донишҷӯёни Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино ва ҷиҳати минбаъд мустаҳкам намудани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳар ду кишвар ҳайати нави Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар пойгоҳи донишгоҳи номбурда дар таърихи 5-уми майи соли 2025 таъсис дода шуд.

   Мулоқот дар сатҳи хуб баргузор гардида, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳо дар самти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангу маориф байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҳиндустон тақвияти бештар касб хоҳад кард.

 512182321 1297536729045498 3017708484477100399 n25 июни соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба ифтихори 28-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» таҳти унвони «Ваҳдатнигор» доир шуда, дар он 200 адад аксҳои мондагори давоми солҳои гуногун аз ҷониби шодравон Заур Дахте аккосишуда, ки инъикоскунандаи фарҳнгу ҳунар ва зебоиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон ва дастовардҳои ваҳдатофарии мардуми тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.  

   Дар рӯзи ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор, муовини Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода ва ҳамсари шодравон Заур Дахте Валийе Дахте суханронӣ намуда, аз хизматҳои ин шахсияти фарҳангӣ дар рушди соҳаҳои аксбардориву филмофарӣ ёдовар шуданд.

DSC 5926Дар намоиш инчунин, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳруии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими Душанбе, донишҷӯёну устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ҳунармандону аксбардорони шинохтаи кишвар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

   Заур Дахте (1936 – 2024) аз аксбардорон, наворбардорони барҷастаи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, ҳамзамон лауреати як қатор кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад.
502582725 1273613918104446 3353182836400395765 n-1-768x512Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ дар таҳия ва наворбардории беш аз 600 филми мустанад ширкат варзида, филмҳояш ба ҳаёт ва мероси адабии шоирони бузурги форсу тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шудаанд.

   Ёдовар мешавем, ки Заур Дахте то охири умр дар як қатор рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ, аз он ҷумла дар маҷаллаи «Дӯстӣ»-и Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси аккос фаъолияти пурсамар дошт.  

Намоиши «Ваҳдатнигор» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 08.07.2025 идома хоҳад кард.

 

 

photo 2025-06-17 12-52-11

16 июни соли 2025 мулоқоти муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода бо муовини Вазири ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла дар умури Осиё, Ховари Миёна ва Уқёнусия Татяна Пю Морено  баргузор гардид.

 

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Мартинес ва намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

 

Зимни мулоқот Иброҳим Абдуллозода доир ба таърихи фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва оғози ҳамкориҳои ҷадид бо Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла иттилоъ дод.

 

Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки 28 феврали соли 2025 дар назди факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Венесуэла» таъсис ёфт, ки минбаъд барои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳар ду ҷониб ва таҳкими равобити дӯстӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.

 

photo 2025-06-17 12-52-04Муовини Вазири ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла дар умури Осиё, Ховари Миёна ва Уқёнусия Татяна Пю Морено дар навбати худ барои тақвияти ҳамкорҳои дипломатӣ ва ҳамзамон ташкили Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Венесуэла» изҳори минатдорӣ намуда, дар робита ба таҳкими муносибати байни халқҳо аз нақши Донишкадаи Симон Боливар дар ин самт ёдовар шуд.

 

Номбурда, барои боз ҳам бештар гардидани мунисбатҳои ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстӣ дар оянда ба роҳ мондани имзои созишнома байни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Донишкадаи Симон Боливарро аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ намуд.  

 

Мулоқот дар сатҳи хуб баргузор гардида, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳо дар самти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дигар бахшҳо байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла тақвияти бештар касб хоҳад кард.

 

 

 

 

photo 2025-04-11 08-31-0910 апрели соли 2025 раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.
Пас аз шиносоии ҷаноби Сафир бо фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Сайдулло Хайруллоев доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки рушди муносибатҳои ҳасана дар сатҳи давлатӣ қарор дошта, вазифаи мо боз ҳам байни мардум тақвият бахшидан ва муаррифӣ намудани муносибатҳои ҳасанаи ду давлати бо ҳам дӯст мебошад.
photo 2025-04-11 08-31-25Ҳамчунн зимни мулоқот Сайдулло Хайруллоев китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро, ки бо забони арабӣ тарҷума ва нашр шудааст, шинос намуда, оид ба хизматиҳои ин муаррих ва шарқшиноси тоҷик маълумот дод. Дар идомаи мулоқот декани факултети тарҷумонии забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Кишварҳои Араб» А. Тураев доир ба нақша ва фаъолияти минбаъдаи Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Кишварҳои Араб» гузориш дод.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар навбати худ аз пазироии самимии мизбон изҳори сипос намуда, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии бештари кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31