МУЛОҚОТ БО САФИРИ ДАВЛАТИ ФАЛАСТИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Автор 
Оцените материал
(0 голосов)

IMG 662312-уми декабри соли 2025 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Сафири  давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналадинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯзаи давлати Фаластин ва доир ба робитаҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Фаластин ва тавсеаву густариши ин ҳамкориҳо давоми солҳои охир мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафири давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналадин зимни суханронии худ бо қаноатмандӣ нахуст аз пуштибонии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз ваъияти имрӯзаи давлати Фаластин сипосу миннатдорӣ иброз намуд.    
Тақвияти робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф,  фарҳангу ҳунар аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки мавриди гуфтугӯйи ҷонибҳо қарор гирифт.
 «Он рӯз дур нест, ки сулҳ дар давлати Фаластин барқарор хоҳад шуд ва мо барои рушду тавсеаи робитаҳо дар ҳама ҷабҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд дар заминаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам омодаи ҳамкорӣ хоҳем буд, изҳор дошт Сайдулло Хайруллоев.
Дар фарҷоми мулоқот миёни ҷонибҳо барои таъсиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Фаластин дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ки ба рушди робитаҳои дӯстӣ миёни ҳар ду давлат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, изҳори умед карда шуд.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31