18 ноябри соли 2025 дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ рӯнамоии китоби «Карлуки социально-политическая история карлуков VII – XIII вв и их этнокультурная связь с таджиками Мавереннахра» баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев оғоз бахшида, рӯзнома ва ҳайати меҳмононро муаррифӣ намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита бо ақаллиятҳои миллӣ ҷавҳари асосии муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил дода, аз нигоҳи мансубияти миллӣ, забон, ҳифзи анъанаву расму оин, ақаллиятҳои миллӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
Сипас, директори Бунёди фарҳангии халқҳои турк – «Дунёи Турон», узви Ассамблеи умумиҷаҳонии халқҳои турк Карлин Махпиров оид ба робитаҳои дӯстӣ бо ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронї карда, аз нақши Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар тақвияти ин робитаҳо тавсиф намуд.
Дар идома котиби масъули Фонди ҷамъиятии «Халлухиён», муаллифи китоби «Карлуки социально-политическая история карлуков VII – XIII вв и их этнокультурная связь с таджиками Мавереннахра» Раҳмоил Сафаров оид ба муҳтавои китоби мавриди назар мухтасар маълумот дод. Номбурда изҳор дошт, ки намояндагони сершумори мардуми қарлуғ узви ҷудонопазири ҷамоаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти қарлуғҳоро бо Фонди ҷамъиятии «Халлухиён» таҳти рақами ягонаи мушаххас 0419018345 аз 28-уми декабри соли 2012 таъсис додаанд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ба расмият дароварда шудааст.
Мақсади асосии ҷамъият мусоидат намудан ба ҳифз, рушд ва тарғиби мероси мадании қарлуғҳо мебошад. Ҷамъияти қарлуғҳои Тоҷикистон узви фаъоли Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ буда, дар ҳамкории наздик тӯли фаъолияташ як қатор корҳои назаррасро, ки дӯстиву рафоқат ва суботу амониро дар кишвари азизамон тараннум мекунанд, аз қабили иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ташкили шабиншиниҳо, рӯзҳои ёдбуд, тантанаҳо, гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, чопи китоб ва дигар нашрияҳо анҷом додааст, изҳор дошт Раҳмоил Сафаров.
Дар идома пажуҳишгар, узви «Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Мирсаид Раҳмонов, роҳбари раиси Ҷамъияти қазоқони Тоҷикистон «Байтерек» Зауре Саминова ва Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон» Латофат Шарипова роҷеъ ба робитаҳои дӯстиву фарҳангии намояндагони халқиятҳои Тоҷикистону Қазоқистон суханронӣ намуданд.
Дар охир раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев барои таҳкими дӯстӣ аз ҷониби директори Бунёди фарҳангии халқҳои турк – «Дунёи Турон» Карлин Махпиров бо медали «Дӯстлик» сарфароз гардонида шуд.

