ВОХӮРИИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЛИРИЗО ҲАҚИҚИЁН

Автор 
Оцените материал
(0 голосов)

22 ноябри соли 2023 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алиризо Ҳақиқиён дар дафтари кории Љамъияти дўстї мулоқот кард.

Сайдулло Хайруллоев – Раиси Раёсат суханронї намуда, ќайд кард, ки бинобар даргузашти раиси ќаблии Љамъияти дўстии «Тољикистон –  Эрон», адабиётшиноси маъруфи тољик Муллоањмадов Мирзо, айни ҳол,  академик Олимов Кароматулло ба њайси раиси ин љамъият интихоб гардиданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон –  Эрон» Казакова Умринисо, котиби ҷамъияти мазкур Чурғосиев Муллоаҳмадшоҳ, кормандони ҶДРФТ Абдулозода Иброҳим, Файзулло Тиллоев, Заур Дахте иштирок доранд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алиризо Ҳақиқиён дар суњбаташ афзуд, ки сафирони пешин – оќои Алиашраф Шабистарї, Сармади Порсо, доктор Алиасѓари Шеърдўст ва доктор Њуљљатуллоњ Фаѓонї иртиботашон бо Тољикистон назари нек доштанд.

           Сайдулло Хайруллоев аз иртибот ва њамкорињои Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї бо Сафорати Љумњурии Исломии Эрон, махсусан аз рафоќаташ бо Сафирони номбурда ёдовар шуда, ба Алиризо Ҳақиқиён изњори ташаккур кард.

Дар мулоќот масъалаи тањким бахшидани њамкорињои илмиву фарњангии Тољикистону Эрон дар доираи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї баррасї гардид.

Зикр шуд, ки байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Исломии Эрон дар мавриди баррасии њамкорињои бисёрсоња  њељ гуна мушкил вуљуд надорад ва сол аз сол густариш пайдо кардани робитањои ду кишвар дар заминањои гуногун далели равшани ин гуфтањост.

Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев наќши донишмандони ду кишварро дар тарѓибу ташвиќи осори адибону мутафаккирон ва фарњангу тамаддуни њар ду халќ дар љомеаи љањонї муњим арзёбї намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби љањони имрўза њамкорињо байни донишмандони тољику эронї бояд таќвият ёбад. Мо бояд заминаи мусоиди равобити тарафайнро барои олимону донишмандони ду кишвар бештар фароњам орем, то онњо аз тањќиќот ва пажўњишњои анљомдодаи њамдигар бохабар гарданд. Албатта, тайи солњои охир чунин њамкорї бештар ба назар мерасад, вале ба андешаи ман, мардумони мо, махсусан олимону донишмандон ташнаи њамкориву рафтуомади бештар њастанд. Барои амалї гардидани чунин равобит Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар доираи салоњияти худ мусоидат хоњад кард.

Дар анҷоми суҳбат Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алиризо Ҳақиқиён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

 

         Кормандони Раёсати

     Љамъияти дўстї ва равобити

         фарњангии Тољикистон

           бо кишварњои хориљї                                                                   Файзулло Тиллоев, Иброҳим Абдуллозода

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Февраль 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29