БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ ҚАЗОҚТАБОР

Автор 
Опубликовано:21 Ноябрь 2025
21 раз Последнее изменение Пятница, 21 Ноябрь 2025 10:40
Оцените материал
(1 Голосовать)

DSC0019514-уми ноябри соли 2025 муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода директори Бунёди фарҳангии халқҳои турк «Дунёи Турон», узви Ассамблеи умумиҷаҳонии халқҳои турк Карлин Махпировро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ роҳбари шуъбаи нашриёти «Мектеп» Раҳметҷан Хоҷамбердиев, котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Қазоқистон» Каржан Қурбанова, мудири шуъбаи раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Файзулло Тиллоев, котиби масъули Фонди љамъиятии «Халлухиён» Сафаров Раҳмоил ва муҳиррири маҷаллаи «Дӯстӣ» Фаридуни Умарбек ширкат намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид робитаҳои фарҳангии тоҷикон ва қазоқҳо, вазъи ақаллиятҳои миллии ҳар ду кишвар, таърих, урфу одат ва анъанаҳои деринаи онҳо мубодилаи афкор намуданд.

 

 

 

photo 2025-11-18 11-36-16

Пас аз мулоқот ҷонибҳо аз Ҷамъияти қазоқон «Байтерек» дар шаҳри Душанбе боздид намуда, ба фаъолияти он аз наздик шинос гардиданд.

Зимни боздид роҳбари Ҷамъияти қазоқон «Байтерек» дар Тоҷикистон Зауре Саминова иттилоъ дод, ки ҷамъияти мазкур соли 2006 таъсис ёфта, ҳадафи он муттаҳид кардани ақаллиятҳои миллии қазоқистонӣ ва расонидани ёрмандӣ дар ҳалли аксар масъалаҳои ҳалталаб ба онҳо мебошад.

Номбурда изҳор дошт, ки дар баробари ривоҷ додани дипломатияи мардумӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ барои ақаллиятҳои миллии аз Қазоқистон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагидошта, ҳамзамон самти дигари фаъолияти онҳоро таълими забон ва анъанаҳои мардуми қазоқ барои ин гурӯҳи шаҳрвандон ташкил медиҳад.

 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30