Мулоқоти Сайдулло Хайруллоев бо адабиётшинос Хатиб Минегулов

Автор 
Опубликовано:25 Апрель 2018
7491 раз Последнее изменение Четверг, 26 Апрель 2018 06:51
Оцените материал
(2 голосов)


   DSC 061813 апрели соли 2018 дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо олими намоён, ходими ҷамъиятӣ Хатиб Юсупович Минегулов, ки дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 140-солагии сардафтари адабиёти советии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ ташриф овардааст, вохӯрӣ доир гардид.

   Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев меҳмононро хуш қабул намуда, оид ба фаъолияти Ҷамъияти мазкур ҳамкориҳои судманд бо иттиҳодия, ассотсиатсияҳои ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон сухан ронд.
  Раиси Маркази миллӣ–мадании тотору бошқирдҳои Тоҷикистон «Дуслик» Рима Хамзина меҳмононро бо фаъолияти маркази мазкур шинос намуда, зикр кард, ки он дар ҳифз намудани забону фарҳанг ва арзишҳои миллии тотору бошқирдҳо саҳми муносиб доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконот фароҳам оварда шудааст, намояндагони дигар халқу миллатҳо бо ҳам дар фазои сулҳу ваҳдат, эҳтироми якдигар кору зиндагӣ менамоянд.
  Ин вохӯрӣ барои фаъолони Маркази миллӣ–мадании тотору бошқирдҳои Тоҷикистон «Дуслик», ки бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкории зич доранд, боиси хушнудӣ гардид.
   
  DSC 0678Хатиб Юсупович Минегулов – узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Казан Утары», «Билге» (Туркия), "Тюркология" (Казахстан), "Фанни Татарстан" мебошад.

    Ӯ ҳамчун олими адабиётшинос, туркология, муннақиди адабӣ, муаллифи китобҳои таълимӣ, ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори ифтихории университети Қазон, ходими шоистаи илми Федератсияи Россия (2005), ва Республикаи Татаристон (1994), лаурети мукофоти давлатии Республикаи Татаристон дар соҳаи илму техника (1995), академики Академияи гуманитарии Россия (1996), лаурети мукофоти ба номи Кул Гали (1998), Гаяза Исхаки (2005), Ҷамал Валидӣ (2014), Суббух Рафиков (2015) маърифат дорад.
   Муаллифи беш аз 1500 мақолаҳои илмӣ бо забонҳои татарӣ, русӣ, англисӣ, қазоқӣ ва ғайра буда, инчунин 53 китоб, 14 монография ва ғайра маҳсули кори эҷодии ӯ мебошанд.
Адабиёти татарии асримиёна ва садсолаи 19 ва робитаи он классикаи шарқ, бахусус адабиёти тоҷику форс асоси фаъолияти илмию тадқиқотии Хатип Юсупович Минегуловро ташкил медиҳанд.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30