ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМЪИЯТИ ДӮСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ

Автор 
Оцените материал
(0 голосов)

photo 2026-11-17 13-01-5016-уми ноябри соли 2026 дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Ҷамъият дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, муовини раис ва дигар кормандони Ҷамъият иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш раиси Ҷамъият Сайдулло Хайруллоев оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии ин санаи фархунда суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар идома зикр карда шуд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар баргузор гардида, дар муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот нақши муҳим бозид. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз оғози марҳалаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Дар идомаи ҳамоиш нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки маҳз дар заминаи сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайгиронаи Роҳбарияти олии давлат барои барқарории сулҳу ризоияти миллӣ шароити мусоиди рушди минбаъдаи Тоҷикистон фароҳам оварда шуд.

Ҳамчунин, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ташаббусҳои созандаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, бахусус дар соҳаи обу иқлим, андешаронӣ карда шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид доштанд, ки хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон, эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз саҳифаҳои дурахшон дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор мераванд.

Ҳамоиш дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон баргузор гардида, иштирокдорон аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онро дар муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди кишвар таъкид намуданд.