16 ноябри соли 2026 дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мулоқоти раиси Раёсати Ҷамъият Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини раиси Ҷамъият Иброҳим Абдуллозода, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» Ҳайдар Қурбонов ва дагар намояндагони Ҷамъият иштирок намуданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуда, ба рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ҷалби мутахассисону коршиносони соҳа ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Таъкид гардид, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» метавонанд дар таҳкими робитаҳои дӯстона, густариши муколамаи фарҳангӣ ва тақвияти ҳамкориҳои мардумӣ миёни ду кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Сафир Ирфон Аҳмад дар навбати худ омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» изҳор намуда, нақши ин ниҳодҳоро дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи иқдомҳои муштарак ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таъкид намуданд.